БО МАҚСАДИ ДИФОИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар Сочӣ музокироти панҷуми гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия дар масъалаи дифои ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ давом мекунад. Боис ба ёдоварист, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аз шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 16 –уми октябри соли 2004 миёни роҳбарони ҳарду давлат мувофиқатнома ба имзо расонида шуда буд. Аз соли 2006 то имрӯз панҷ маротиба вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар гузаронида шудааст ва дар ҳар як вохӯрӣ барои пайдо кардани роҳи самарабахши ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ба таври назаррас набошад ҳам, аммо баъзе сабукиҳо ва шароити беҳтари кориро пайдо месозанд. Дар музокироти панҷум, ки имрӯз дар Сочӣ доир мегардад, гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ширкат меварзад. Дар ин вохӯрӣ баробари пайдо кардани роҳи фаъолияти корӣ, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси қонуни муҳоҷирати байналмиллалӣ мавриди баҳс қарор мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






