БОЗДИДИ О.ОҚИЛОВ АЗ ПАНҶАКЕНТ

Июнь 22, 2010 16:51

Панҷакент,  22 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов   субҳи 22  июн  барои боздиди  корӣ  ба  шаҳри  Панҷакент  омад.  Ӯро   зимни  сафар  раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  ва  раиси  шаҳри  Панҷакент  Хусрав  Абдуназаров  ҳамроҳӣ  мекунанд. О.Оқилов  ва  ҳамроҳонаш  бо  ҷараёни  мустаҳкам  кардани   соҳили дарёи  Зарафшон  дар  ҳудуди  ҷамоати  Хурмӣ,  мустаҳкам  кардани   соҳилҳои   сойи Зебон   дар  ҳудуди  хоҷагии  ҷангали  шаҳр  ва   мустаҳкам  кардани  соҳилҳои канали  Халифа  Ҳасан  дар  ҳудуди  ҷамоати Халифа  Ҳасан  шинос  гардиданд. О.Оқилов  ва  ҳамроҳонаш  дар  мавзеи  Хамиртеппа  рафти  сохтмони  хонаҳои навро  аз  назар  гузарониданд, ки барои оилаҳои  бар  асари  боришҳо  ва  сел  зарардида  пешбинӣ  шудаанд.  Дар  ин  ҷо  ба  панҷ  оила  аз  деҳаи  Шӯрча  хонаҳои  нав  дода  хоҳад  шуд.  Хонаҳои онҳо  дар  натиҷаи  омадани  сел   пурра  харобу  валангор  гардида буд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  28  апрели  соли равон  дар  деҳаи  Шӯрча  дар  натиҷаи омадани  сел  5  ҳавлӣ  пурра  ва  11  ҳавлӣ  қисман  хароб  гардид. Инчунин   ба  соҳаи  кишоварзии  маҳал  зарари  калон  расид.  Барои  сохтмони  хонаҳои нав  аз  буҷети  вилоят  маблағ  ҷудо  карда шуд. Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  маҳаллӣ,  хоҷагиҳо  ва  корхонаю  муассисаҳо  дар  сохтмони  хонаҳо  саҳм  гузоштанд. Аз  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   шаҳри  Панҷакент  хабар  доданд, ки  ба 11 оилаи боқимонда дар  арафаи  иди  Ваҳдати  миллӣ   хонаҳои нав  дода  мешавад. Сафари  кории  О.Оқилов  дар  вилояти  Суғд  давом дорад.

Июнь 22, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад