БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮ БО ҶУРМИ НАШЪА

Июнь 16, 2010 11:23

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 670 грамм маводи нашъа дар шимоли ҷумҳурӣ ёфт ва мусодира карда шуд. 15 июн кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди автовокзали шаҳри Хуҷанд, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ЕУ 6202 02/РТ таҳти идоракунии  ронанда, истиқоматкунандаи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен,  донишҷӯи  бахши 4-уми Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд Муродбек Раҷабови 23 – соларо бо гумони даст доштан дар  гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъадор боздошт намуданд.   Ҳангоми  азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз таги курсии ҷойи нишасти ронанда маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 670 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карданд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ки маводи мазкурро шаҳрванд М. Раҷабов аз шаҳрванд Рамис Эвазови 28-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, гирифтааст. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.  

Июнь 16, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад