БОЗДОШТИ ВАГОНҲО БА СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ЗАРАРИ КАЛОН МЕРАСОНАД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки комиссияи махсуси вазорат маблағи зарари ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон расонидашударо бо сабаби боздошти вагонҳо дар қаламрави Ӯзбекистон муқаррар менамояд. Ба ҳайати комиссия намояндагони Палатаи савдо ва саноат, хадамоти гумрук ва ширкати «Агротехник» — и Русия шомил гардиданд. Бояд гуфт, ки ширкати Русия ба Тоҷикистон картошкаи тухмӣ мефиристад. Бояд гуфт, ки вагонҳои пур аз картошкаи тухмии ширкати Русия муддати тӯлонӣ дар қаламрави Ӯзбекистон боздошта шудаанд. Аз 42 вагон то имрӯз ҳамагӣ 36 вагон ба Тоҷикистон фиристода шуд. Вагонҳои боқимонда ҳоло ҳам дар Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки картошкаи тухмӣ аз Ҷумҳурии Чувашистон ба вагонҳо бор карда шуда буд. Мӯҳлати интиқоли картошкаи тухмӣ 16 рӯзро ташкил медиҳад. Дар мавриди гузаштани ин мӯҳлат картошкаи тухмӣ пусида ғайри қобили истифода мегардад. Аз рӯи ҳисобҳои мутахассисон тақрибан 20 фоизи картошка нобуд гардидааст. Ҳарорати дохили вагонҳои боркаш 60 дараҷа мебошад. Тибқи хабари вазорат то имрӯз дар қаламрави мамлакат дар масоҳати 8,7 ҳазор гектар картошка шинонида шуд. Ин 66 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.