БОЗДОШТИ ВАГОНҲО БА СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ЗАРАРИ КАЛОН МЕРАСОНАД

Июнь 11, 2010 10:53

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Аз  Вазорати  кишоварзии  ҷумҳурӣ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  комиссияи  махсуси  вазорат   маблағи  зарари  ба  соҳаи  кишоварзии  Тоҷикистон расонидашударо  бо  сабаби  боздошти  вагонҳо  дар  қаламрави  Ӯзбекистон  муқаррар  менамояд. Ба  ҳайати  комиссия  намояндагони  Палатаи  савдо  ва  саноат,  хадамоти  гумрук  ва  ширкати  «Агротехник» — и  Русия  шомил  гардиданд. Бояд  гуфт, ки ширкати  Русия  ба  Тоҷикистон  картошкаи  тухмӣ  мефиристад. Бояд  гуфт, ки  вагонҳои  пур  аз  картошкаи  тухмии  ширкати  Русия   муддати  тӯлонӣ  дар  қаламрави  Ӯзбекистон  боздошта шудаанд. Аз  42  вагон  то  имрӯз  ҳамагӣ  36  вагон  ба  Тоҷикистон  фиристода шуд.  Вагонҳои  боқимонда  ҳоло  ҳам  дар  Ӯзбекистон  нигоҳ  дошта  мешаванд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  картошкаи  тухмӣ  аз  Ҷумҳурии Чувашистон  ба  вагонҳо  бор карда шуда буд.  Мӯҳлати  интиқоли  картошкаи  тухмӣ  16  рӯзро ташкил  медиҳад.  Дар  мавриди  гузаштани  ин  мӯҳлат  картошкаи тухмӣ  пусида ғайри  қобили  истифода  мегардад.  Аз  рӯи  ҳисобҳои  мутахассисон тақрибан 20  фоизи  картошка  нобуд  гардидааст.  Ҳарорати дохили   вагонҳои  боркаш  60  дараҷа  мебошад.  Тибқи  хабари  вазорат  то  имрӯз  дар  қаламрави  мамлакат  дар  масоҳати  8,7  ҳазор  гектар  картошка  шинонида шуд.  Ин  66 фоизи  нақшаро  ташкил  медиҳад.

Июнь 11, 2010 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид