БУНЁДИ КАЛОНТАРИН ТЕРМИНАЛИ БАДАХШОН
Бадахшон, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).-Дар қарияи Танги ноҳияи Шуғнон калонтарин бинои терминали ВМКБ бунёд менардад. Дар қарияи Танг анборхонаҳои асосии молҳое, ки аз Чин вориди Тоҷикистон мегарданд ,ҷойгиранд зеро ба хотири ҳисорот ба бор наовардани пулҳои мошингарди ҳудуди вилоят ҳаракати мошинҳои вазнинбори чинӣ ба самти Хоруғу Душанбе иҷозат дода намешавад. Борро дар ҳамин ҷо мефуроранд. Бунёди иншооти мазкур дар ҳудуди 6 гектар замин идома дорад. Бунёди ин иншоотро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авто Планета» ба ӯҳда доранд. Бо гуфти муҳандиси сохтмон Шогунбек Рашидбеков то рӯзи Ваҳдат ин иншоот бо сифати баланд мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






