ЧЕҲРАИ ТОБОНИ ИЛМИ ШАРҚШИНОСӢ

Июнь 16, 2010 15:29

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия Абдулмаҷид Достиев муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, филолог-шарқшинос Лола Саломатшоеваро бо ҷашни 75-солагиаш табрик намуда, ба ӯ барқияи шодбошӣ фиристод. Дар барқияи мазкур сафир аз корҳои назарраси Л.Саломатшоева дар рушду нумуи илми муосири тоҷик, махсусан бахши шарқшиносӣ ёдовар шуда,  ӯро яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми шарқшиносӣ арзбёбӣ намудааст. Бояд қайд кард, ки Лола Саломатшоева донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва лотинӣ мебошад. Солҳои зиёд ӯ роҳбарии кафедраи забони лотинии Институти давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино иҷро мекард. Ба қалами ӯ се монография ва як қатор мақолаҳои илмӣ, тавсифи дастнависҳо тааллуқ дорад, ки дар бораи густариши илми шаркшиносӣ дар соири кишварҳои ҷаҳон баҳс мекунад. Дар давоми фаъолияташ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҳасани Деҳлавӣ ва осори ӯ» бомуваффақият дифоъ намуда, соли 1967 соҳиби унвони номзади илми филология гардид. Лола Саломатшоева муддати зиёд дар кишварҳои Афғонистон ва Эрон  кору фаъолият намуда, маводи заруриро барои корҳои илмии худ ҷамъоварӣ кардааст. Айни ҳол ӯ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия фаъолияти илмии худро идома медиҳад.     

Июнь 16, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад