ЧОРАҲОИ ЗИДДИКОРУПСИОНӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАНД

Июнь 24, 2010 16:20

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 23 июн бо дастури бевоситаи  роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси мазкур семинар-машварати навбатӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гумрук, Прокуратураи Генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мавзӯи навбатии семинари мазкур дар асоси Паёми солонаи Президенти кишвар ба  Маҷлиси Олии ҷумхурӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар  солҳои 2008-2012», ҳамчунин Фармони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба  баргузории нақшаву чорабиниҳо оиди мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб  ва пешгирии сўйистифода аз вазифаҳои хизматӣ дар Хадамоти гумрук ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ намудани фасод дар ҷомеа иштирокдорон таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» нозири калони шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Абдурахими Умариён  хабар дод, дар ҳоле ки коррупсия ё худ фасод, ҳамчун зуҳуроти номатлуб тамоми мамолики сайёраро ба ташвиш овардааст, таҷриба нишон медиҳад, ки содир намудани ин амали нангин аз чониби баъзе кормандони сохторҳои давлатии кишвари мо низ ба мушоҳида мерасад. Бо ҳамин мақсад, «Стратегия мубориза бар зидди коррупсия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул шудааст, қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишвар барои солҳои 2008-2015 буда, алайҳи содиршавии чунин амалҳо ба роҳ монда шудааст. А.Умариён афзуд, ки бо мақсади пешгириву решакан намудани фасод дар ҷомеа тамоми мақомоти қудратии кишвар дар асоси дастуру супориш ва амру фармонҳои сарвари давлат аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд. Дар семинар-машварате, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук доир гардид, масъулин зикр намуданд, ки таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсири калон мерасонад. Дар рафти ин ҳамоиш, бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи тахассусии кормандони мақомоти гумрук доир ба амалҳои зидди корупсионӣ ва ҳамзамон муборизаи дастаҷамъонаро ба роҳ мондан, намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.  

Июнь 24, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд