ЧОРАБИНИҲОИ ИТТИЛОРАСОНӢ БА НАШЪАМАНДОН

Июнь 24, 2010 14:18

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ҳайси як созмони хайрия тӯли чанд сол  аст, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияҳои наздисарҳадӣ барномаи «Огаҳӣ аз хавфи ВИЧ-СПИД»-ро пиёда месозад, ки он ба мавзӯи нашъамандӣ алоқаи  бевосита  дорад. Тибқи маълумоти котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар Бадахшон Имомалибек Қиёбеков шумораи мизоҷони доимӣ дар Шуғнон барои мубодилаи сӯзанҳои тиббӣ 75 нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, аз худи ҳамин ҳисобот бармеояд, ки шояд бо сабаби гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум, (41 чорабинии иттилорасонӣ) вақтҳои охир нафарони нав ба ин гурӯҳ шомил нашудаанд.   Ба ин ҳисоб 74 нафар мард, ва як нафар зан рост омада аст. Умри миёнаи онон  32 солро ташкил медиҳад. Дигар маълумоте, ки ҳамгонро ба андеша намудан водор менамояд  аз ин 75 нафари ба қайд гирифташуда — 2 нафар хизматчӣ буда,  1 нафар мактабхон,  ва 72 нафар шахсони корҷӯйро дар ҷустуҷӯи кори доимӣ  бударо ташкил медиҳанд.  

Июнь 24, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад