ДАР ҚӮРҒОНТЕППА ҶИНОЯТКОРӢ КАМШУД

Июнь 1, 2010 13:07

Қўрғонтеппа, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа  114 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26 адад кам аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қўрғонтеппа Қурбон Дӯстов хабар дод. Ӯ афзуд, ки сабаби кам шудани сатҳи ҷиноят дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ҷиддии  кормандони ШКД, гузаронидани корҳои  профилактикӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ мебошад. Ёдрас мешавем, ки дар шаҳри Қўрғонтеппа соли равон ҷиноятҳои  вазин, аз қабили куштор ва таҷовуз ба номус ба қайд гирифта нашудааст.

Июнь 1, 2010 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад