ДАР 7 СОЛ 150 МЕДАЛ

Июнь 4, 2010 08:51

Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гимназияи Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» 7- сола шуд. Тибқи иттилои маъмурияти гимназия мазкур, дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ шогирдони ин муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, информатика, физика, химия ва нанатехнология сазовори 8 медали тилло, 6 медали нуқра, 19 медали биринҷӣ гардиданд. Боис ба ёдоварист, ки хонандагони гимназия дар тӯли 7 соли фаъолияташ дар олимпиадаҳои гуногун сазовори 150 медалу дипломҳо гардида, хатмкунандагонаш дар  донишгоҳҳои олии  Тоҷикистон, Русия, Амрико, Ҷопон ва Қазоқистон дохил шуда, бомуваффақият таҳсил мнамоянд. Гимназия барои соли таҳсили 2010 – 2011 ба қабули хонандагон  оғоз кард. Рӯзи 14 – уми июни соли ҷорӣ барои қабул ба синфи 5  аз фанни математика    имтиҳони нахустин баргузор мегардад.                                                                                                             

Июнь 4, 2010 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад