ДАР ДУШАНБЕ БЕШ АЗ 100 ХАБАРНИГОР ҶАРАЁНИ КОНФРОНСИ ОБРО ИНЪИКОС МЕКУНАНД

Июнь 8, 2010 10:05

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз, 8 июн дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти Конфронси байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об-барои ҳаёт” 2005-2015 ба кор шурӯъ намуд. Тавре ба АМИТ “Ховар” масъули маркази матбуоти конфронси мазкур Адолат Шарипова гуфт, дар маркази матбуот 80 компютер ва 15 принтеру сканерҳои ҳозиразамон насб карда шудааст. Воситаҳои пешрафтаи телекоммуникатсионӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи интернет мавҷуданд.  “Инчунин, нуқтаи дастрасии беноқили пайваст (WiFi) ба шабакаи интернет барои компютерҳои ҳамроҳ дар хизмати хабарнигорон қарор дорад. Дар толор барои дастрас намудани иттилооти таъҷилӣ оид ба конфронси мазкур якчанд телевизори калонҳаҷм насб шуда, аз рафти конфронс гузориш медиханд”,-идома дод А. Шарипова. Ӯ афзуд, ки  барои хабарнигорон тамоми шароитҳои инъикоси фаврии ҷараёни конфронс мавҷуд буда, беш аз 100 хабарнигорони хориҷиву ватанӣ ҷараёни онро инъикос мекунанд.            

Июнь 8, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад