ДАР ДУШАНБЕ БЕШ АЗ 100 ХАБАРНИГОР ҶАРАЁНИ КОНФРОНСИ ОБРО ИНЪИКОС МЕКУНАНД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз, 8 июн дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти Конфронси байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об-барои ҳаёт” 2005-2015 ба кор шурӯъ намуд. Тавре ба АМИТ “Ховар” масъули маркази матбуоти конфронси мазкур Адолат Шарипова гуфт, дар маркази матбуот 80 компютер ва 15 принтеру сканерҳои ҳозиразамон насб карда шудааст. Воситаҳои пешрафтаи телекоммуникатсионӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи интернет мавҷуданд. “Инчунин, нуқтаи дастрасии беноқили пайваст (WiFi) ба шабакаи интернет барои компютерҳои ҳамроҳ дар хизмати хабарнигорон қарор дорад. Дар толор барои дастрас намудани иттилооти таъҷилӣ оид ба конфронси мазкур якчанд телевизори калонҳаҷм насб шуда, аз рафти конфронс гузориш медиханд”,-идома дод А. Шарипова. Ӯ афзуд, ки барои хабарнигорон тамоми шароитҳои инъикоси фаврии ҷараёни конфронс мавҷуд буда, беш аз 100 хабарнигорони хориҷиву ватанӣ ҷараёни онро инъикос мекунанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






