ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙЕНАЛМИЛАЛӢ КУШОДА ШУД

Июнь 8, 2010 10:01

Душанбе,  8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова ). —  Имрӯз, 8 июн  дар  шаҳри  Душанбе  конфронси байналмилалии  намояндагони  воломақоми  мамлакатҳо  ва  созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ  кушода шуд. Дар он  ҷараёни  иҷрои  Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти  «Об  барои  зиндагӣ»  ҷамъбаст  карда  мешаванд. Конфронс  бо ташаббуси  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Созмони  Милали  Муттаҳид  гузаронида  мешавад. Ҳадафи  асосии он  таҳлили  ҷараёни  иҷрои   силсилаи  қатъномаҳои  Маҷмаи  кулли  СММ   мебошад, ки   бо  ташаббуси  Тоҷикистон  ва бо  аксарияти  овозҳо  қабул  гардидаанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  конфронс  ҳайатҳои  70  мамлакати  аъзои  СММ,  намояндагони  20  муассисаи  СММ,  65  созмони  байналмилалию  минтақавӣ  ва теъдоди  зиёди   олимону  коршиносон  иштирок  доранд.  Дар  конфронс  ҳамчунин  намояндагони   созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ,  аз  ҷумла  САҲА, Шӯрои   проблемаҳои оби  мамлакатҳои  араб,   конфронси  Шӯрои  вазирони   мамлакатҳои  Африқо, СҲШ,  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия,  Донишгоҳи  СММ  ва  ғайра  ширкат  меварзанд. Дар  ҷараёни  конфронс    дар  мавзӯъҳои   тезонидани   суръати  ба  даст  овардани   ҳадафҳои рушд   вобаста ба   масъалаҳои об,  аз ҷумла ҷалби  занон  ба  проблемаҳои об,   ҳамкорӣ  дар  масъалаи   истифодаи  дарёҳои  сарҳадгузар,  ҳуқуқи  байналхалқӣ,  беҳтар  намудани  сифати об,  проблемаҳои об  ва  тағйир  ёфтани иқлим,  то  ҳадди  имкон  кам  кардани  хавфи   фалокатҳои табиии  вобаста ба об,  маблағгузории  муттасил барои   ҳалли  проблемаҳои об  ва  ғайра   6  маҳфили  алоҳида  баргузор  мегардад. Дар  рӯзҳои  конфронс  таҳти  унвони «Об барои  зиндагӣ»   намоишгоҳи байналхалқӣ  ва   намоишгоҳи   расмҳои бачагона   бахшида ба  мавзӯъҳои об   ташкил  карда  мешаванд. Аз  рӯи  натиҷаҳои   конфронс  Эъломияи  вазирон қабул  карда  хоҳад шуд. Дар  эъломия  натиҷаҳои  даври  аввали   Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об  барои  зиндагӣ»  инъикос  карда  мешаванд. Тибқи  нақша  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  мамлакати  мизбон Эъломияи  вазиронро  ба  муҳокимаи иҷлосияи  65 – уми  Маҷмаи  кулли  СММ  пешниҳод  хоҳад  кард.

Июнь 8, 2010 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад