ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙЕНАЛМИЛАЛӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Имрӯз, 8 июн дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқию минтақавӣ кушода шуд. Дар он ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои зиндагӣ» ҷамъбаст карда мешаванд. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии он таҳлили ҷараёни иҷрои силсилаи қатъномаҳои Маҷмаи кулли СММ мебошад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва бо аксарияти овозҳо қабул гардидаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс ҳайатҳои 70 мамлакати аъзои СММ, намояндагони 20 муассисаи СММ, 65 созмони байналмилалию минтақавӣ ва теъдоди зиёди олимону коршиносон иштирок доранд. Дар конфронс ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла САҲА, Шӯрои проблемаҳои оби мамлакатҳои араб, конфронси Шӯрои вазирони мамлакатҳои Африқо, СҲШ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия, Донишгоҳи СММ ва ғайра ширкат меварзанд. Дар ҷараёни конфронс дар мавзӯъҳои тезонидани суръати ба даст овардани ҳадафҳои рушд вобаста ба масъалаҳои об, аз ҷумла ҷалби занон ба проблемаҳои об, ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи дарёҳои сарҳадгузар, ҳуқуқи байналхалқӣ, беҳтар намудани сифати об, проблемаҳои об ва тағйир ёфтани иқлим, то ҳадди имкон кам кардани хавфи фалокатҳои табиии вобаста ба об, маблағгузории муттасил барои ҳалли проблемаҳои об ва ғайра 6 маҳфили алоҳида баргузор мегардад. Дар рӯзҳои конфронс таҳти унвони «Об барои зиндагӣ» намоишгоҳи байналхалқӣ ва намоишгоҳи расмҳои бачагона бахшида ба мавзӯъҳои об ташкил карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои конфронс Эъломияи вазирон қабул карда хоҳад шуд. Дар эъломия натиҷаҳои даври аввали Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои зиндагӣ» инъикос карда мешаванд. Тибқи нақша Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мизбон Эъломияи вазиронро ба муҳокимаи иҷлосияи 65 – уми Маҷмаи кулли СММ пешниҳод хоҳад кард.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






