ДАР КАДОМ МАМЛАКАТҲО ОЗОДИИ ИНСОН МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»). — Созмони ғайриҳукуматии Қалъаи Озодӣ чанде пеш рӯйхати мамлакатҳоеро нашр намуд, ки дар онҳо озодии инсон маҳдуд карда мешавад. Дар рӯихат ба мамлакатҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон поймол ва озодии инсон маҳдуд сохта мешавад, то 7 хол баҳо дода шудааст. Мамлакатҳои зерин, аз ҷумла, Бирма, Либия, Сомали, Судон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эритрея, Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё ва Гвинеяи хати устуво дар рӯихати мазкур соҳиби 7 хол гардидаанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар мамлакатҳои зикршуда давлат ҳаёти шахсии шаҳрвандонро назорат мекунад ва фаъолияти созмонҳои сиёсӣ ва мустақил манъ карда ё маҳдуд карда шудаанд. Мувофиқи рӯихати мазкур ҳуқуқи инсон дар Белорусия, Чад, Чин, Куба, Гвинея, Лаос, Арабистони Саудӣ, Сурия, Иристони ҷанубӣ ва Саҳрои ғарбӣ ҳуқуқи инсон қисман маҳдуд карда шудааст. Аҳолии ин мамлакатҳо барои озодии сухан имкониятҳои маҳдуд дошта, дар онҳо фаъолияти созмонҳои мухолиф маҳдуд намуда, назорати қатъӣ ҷорӣ карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






