ДАР МУҲОСИРА 969 ҚАТОРА БО СӮЗИШВОРӢ ВА БОРҲОИ ЗАРУРӢ

Июнь 7, 2010 09:15

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз кори гӯшношуниди роҳиоҳанчиёни «Ӯзбекистон темир йулларӣ» нисбат ба беасос нигоҳ доштани 2,5 ҳазор қатора борҳои гуногуни тавассути роҳи оҳани Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда изҳори нигаронӣ доранд. Роҳиоҳанчиёни давлати ба мо ҳамсоя бошанд бо баҳонаи хисорот дар роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг то имрӯз ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ворид шудани беш аз 969 қатораҳоро бо бо борҳои гуногун нигоҳ медоранд,- иброз дошт муовини аввали сардори Хадамоти боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  Андрей Тропин. Ҳамарӯза тавссути роҳи оҳан аз Эрон, Афғонистон, Русия, давлатҳои назди Балтика ва дигар мамлакатҳои аъзои ИДМ садҳо қатора борҳои гуногун ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, аммо ин борҳо дар   сарҳади Ӯзбекистон беҳаракат меистанд ва сифати борҳои фиристодашуда коҳиш ёфта, истифодаи онҳо номумкин мегардад. Айни замон 255 қатора бо сӯзишворӣ, 37 қатора бо битум, 97 қатора бо гази энергетикӣ, 231 қатора бо маводи сӯхти дизелӣ, 127 қатора семент, 132 қатора бо маводи сӯхти реактивӣ, даҳҳо қатораҳо бо орд, гандум, маҳсулоти ширию гӯшти парранда дар ҳудуди давлати Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.

Июнь 7, 2010 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст