ДАР МУҲОСИРА 969 ҚАТОРА БО СӮЗИШВОРӢ ВА БОРҲОИ ЗАРУРӢ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз кори гӯшношуниди роҳиоҳанчиёни «Ӯзбекистон темир йулларӣ» нисбат ба беасос нигоҳ доштани 2,5 ҳазор қатора борҳои гуногуни тавассути роҳи оҳани Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда изҳори нигаронӣ доранд. Роҳиоҳанчиёни давлати ба мо ҳамсоя бошанд бо баҳонаи хисорот дар роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг то имрӯз ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ворид шудани беш аз 969 қатораҳоро бо бо борҳои гуногун нигоҳ медоранд,- иброз дошт муовини аввали сардори Хадамоти боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Андрей Тропин. Ҳамарӯза тавссути роҳи оҳан аз Эрон, Афғонистон, Русия, давлатҳои назди Балтика ва дигар мамлакатҳои аъзои ИДМ садҳо қатора борҳои гуногун ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, аммо ин борҳо дар сарҳади Ӯзбекистон беҳаракат меистанд ва сифати борҳои фиристодашуда коҳиш ёфта, истифодаи онҳо номумкин мегардад. Айни замон 255 қатора бо сӯзишворӣ, 37 қатора бо битум, 97 қатора бо гази энергетикӣ, 231 қатора бо маводи сӯхти дизелӣ, 127 қатора семент, 132 қатора бо маводи сӯхти реактивӣ, даҳҳо қатораҳо бо орд, гандум, маҳсулоти ширию гӯшти парранда дар ҳудуди давлати Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






