ДОНИШҶӮЁН ДАР САҲНАИ ТЕАТР
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ).- Хатмкунандагони соли панҷуми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода асарҳои саҳнавии «Гирдоби бало» ва «Кӯдакии Мушфиқӣ»-ро дар театри ба номи Владимир Маяковский пешниҳоди тамошобинон мегардад. Муаллифи асари «Гирдоби бало» драманависи машхури рус А. Островский буда, тарҷумаи он ба қалами Аълохон Афсаҳзод таалуқ дорад. «Кӯдакии Мушфиқӣ» асари Темур Зулфиқоров аст, ки Муҳаммадзамони Солеҳ тарҷума ва таҳия кардааст. Ин асарҳо таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ва муаллимаи калони кафедраи маҳорати актёрӣ Нигина Раҷабова ба саҳна гузошта шуда, нақшҳои асосиро донишҷӯёни соли панҷуми шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон иҷро мекунанд. Мавриди ёдоварист, ки саҳнаҳои «Гирдоби бало» 3 июн соати 17/00 ва «Кӯдакии Мушфиқӣ» рӯзи 7 июн соати 17/00 намоиш дода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






