ДУХТАРОНИ БАДАХШОН АЗ ОЗМУН ГУЗАШТАНД

Июнь 3, 2010 16:14

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Корхонаи Воҳиди Давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон», тавассути озмун барои ишғоли  кор ба вазифаи роҳбалад  дар қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон»    20 ҷавондухтари Бадахшониро   қабул кард. Ҷавондухтарон дорои маълумати миёнаи умумӣ ва касбӣ техникӣ мебошанд, тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар  корхонаи мазкур иттилоъ доданд, ҷавондухтарони 18 – 35- солаи бадахшонӣ бори аввал дар чунин озмунҳо ширкат намуда, барои дастрасӣ ба кор муваффақ шуданд. Агар ба кор  гирифтани духтарони бадахшӣ аз як тараф дарки масъулияту коршиносии худи  онҳо бошад, аз тарафи дигар   кам кардани  сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон тавассути  баргузории чунин озмунҳо мебошад,- иброз дошт сардори корхонаи воҳиди мусофирбари Роҳи оҳани Тоҷикистон Маҳмадюсуф Абдураҳмонов.   

Июнь 3, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад