Э. РАҲМОН: — БАЪЗЕ ДАВЛАТҲО БА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАИ АРАЛ НАМЕКӮШАНД, БАРЪАКС …
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –“Ба иштирокчиёни мӯҳтарами конфронс таҷрибаи талхи минтақа, яъне хушк шудани яке аз кӯлҳои калонтарини ҷаҳон — Баҳри Арал маълум аст. Ин фоҷиа натиҷаи қобили кишт гардонидани қитъаҳои нави замин мебошад. ки масоҳати он аз 4 миллион гектари соли 1960 имрӯз қариб ба 9 миллион гектар расидааст. Ин сабаби кам гардидани вуруди об ба баҳр гардид. Дар натиҷа ҳаҷми Баҳри Арал бештар аз 10 маротиба кам шуд. Инчунин зиёд гардидани шумораи аҳолӣ сабаби рух додани фоҷиаи мазкур гардид. Бояд гуфт, ки шумораи аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ соли 1956 тақрибан 20 миллион нафар буд, шумораи аҳолии минтақа имрӯз ба 63 миллион нафар расидааст”, — тазаккур дод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба таҳлили миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об- барои ҳаёт” солҳои 2005 – 2015. Ӯ афзуд, ки дар робита омили асосии таъмини амнияти об дар заминаи торафт бештар коҳиш ёфтани маҷрои дарёҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа, танзими истифодаи захираҳои об дар сатҳи байнидавлатӣ мебошад. Яке аз хусусиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамин аст, ки тақсимоти об дар он нобаробар аст. Бештар аз 80 фоизи оби дарёҳои ба Баҳри Арал ҷоришаванда дар ҳудуди мамлакатҳои болооб ташаккул меёбад, ҳол он ки зиёда аз 85 фоизи онро мамлакатҳои поёноб истифода мебаранд. “Тоҷикистон борҳо изҳор карда буд, ки барои бартараф сохтани бӯҳрони Арал роҳи ягона қабули тадбирҳои мушаххас дар масъалаи сарфаю сариштаи об дар сатҳи минтақа барқарор сохтани шабакаҳои обрасонӣ ва заминҳои кишт, инчунин иваз кардани чунин зироатҳои обталаб, аз ҷумла пахта ва шолӣ ба зироатҳое, ки талаботашон ба об камтар аст, мебошад.Бо ҳамин роҳ проблемаи амнияти озуқавориро низ ҳал кардан имконпазир мегардад. Аз рӯи ҳисобҳои коршиносон, имрӯз зимни обёрии зироат дар мамлакатҳои поёноб аз 30 то 60 фоизи об бебозгашт талаф меёбад”, — гуфт Президенти Тоҷикистон. Гуфтанист, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин мақсад масоҳати пахтаро то 30 фоиз кам карда, ба ҷои онҳо зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладона ва сабзавот, инчунин зироатҳои дигари ба шароити камобӣ тобовар парвариш менамояд. Мо ин иқдомро минбаъд ҳам давом медиҳем ва умедворем, ки мамлакатҳои дигари минтақа низ ба мо пайравӣ карда, бо мақсади сарфаю сариштаи об ва беҳтар сохтани шароити экологӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори таассуф кард, ки баъзе давлатҳои минтақа ба ҳалли проблемаҳои ҳавзаи Баҳри Арал кӯшиш ба харҷ надода, бо ҳар роҳу восита ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиа, яъне ғайриоқилона ва баъзан истифодаи харобкорона ва ҳалокатовари захираҳои об дур кунанд. Ба ақидаи мо, маънидоди яктарафаи далелу рақамҳои мавҷуда ба манфиати ҳалли проблема намебошад. Самараи ҷидду ҷахди наҷот додани Баҳри Арал пеш аз ҳама ба дарки аниқу дурусти ҳақиқати ҳол ва амалӣ сохтани тадбирҳои мушаххас вобаста мебошад. Тавре ки маълум аст, панҷ мамлакати минтақа бо мақсади ҳалли проблемаҳои Баҳри Арал Бунёди байналмилалӣ таъсис дода буданд. Ба ақидаи мо барои ин пеш аз ҳама шабакаҳои кӯҳнашуда ва харобгардидаи обёрӣ ва обрасонӣ бояд барқарор карда шаванд. .