Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Июнь 29, 2010 10:28

26 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави бахши Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва варзишгоҳи марказии ноҳия иштирок намуд. Зимни шиносоӣ бо бинои нави бахши Амонатбонк, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он барои 21 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст. Гардиши пулии ин бонк дар ноҳияи Роштқалъа дар 5 моҳи соли равон 4,5 миллон сомониро ташкил дода, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ба қариб 500 ҳазор сомонӣ ва сандуқи қарзӣ ба 1,2 миллион сомонӣ баробар шудааст. Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Рошткалъа ифтитоҳ ёфт, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Варзишгоҳ ҳоло дорои 2800  ҷойи нишаст мебошад. Месазад таъкид намуд, ки дар доираи омодагӣ ба  ҷашни Ваҳдати Миллӣ дар ин ноҳия ҳамчунин беш аз 30 иншооти дигари иҷтимоию маъмурӣ, аз ҷумла 2 мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар варзишгоҳи марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолон ва намояндагони  сершумори аҳолии ноҳия мулоқот намуд. Зимни суханронии Президенти мамлакат ва сўҳбатҳои дилнишинаш бо мардум, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо ҳамин сол барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуд. Баҳри дастгирии бештари соҳибкорони деҳоти кўҳистон ҳаҷми карздиҳии хурди бонкӣ 2 баробар зиёд карда мешавад. Ба мактабҳои ноҳияи Роштқалъа дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ боз 60 компютери иловагӣ тўҳфа мегардад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, то соли оянда дар ноҳия як мактаби замонавии мусиқӣ бунёд меёбад ва то ҷашни истиқлоли соли равон варзишгоҳи марказӣ бо ҷудо намудани маблағи иловагӣ боз ҳам ободу зеботар карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 29, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад