Э. РАҲМОН: «ТАЪСИСИ ФОНДИ РУШДИ СҲШ ЗАРУР АСТ»

Июнь 11, 2010 17:55

11 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба авзои Қирғизистону Афғонистон, тадбирҳои муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ густариши ҳамкориро дар соҳаҳои амният, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии кори Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ намуд. Ба андешаи ў «фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар самти таъмини кори бемонеа ва босуботи роҳҳои нақлиётӣ бояд такмил дода шавад». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ даъват намуд, ки «корҳо барои таъсис додани Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай тезонда шаванд». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кори ҳадафмандонаи минбаъда пешниҳод намуд, ки «Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2020» таҳия ва дар ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳо қабул карда шавад. Аз рўйи натиҷаи ҳамоиш як қатор санадҳо, аз ҷумла қарор дар бораи тасдиқи  Низомномаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба қабули аъзои нав ба узвияти созмон ва созишномаҳо дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба имзо расид.

Июнь 11, 2010 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст