Э. РАҲМОН: «ТАЪСИСИ ФОНДИ РУШДИ СҲШ ЗАРУР АСТ»
11 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба авзои Қирғизистону Афғонистон, тадбирҳои муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ густариши ҳамкориро дар соҳаҳои амният, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии кори Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ намуд. Ба андешаи ў «фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар самти таъмини кори бемонеа ва босуботи роҳҳои нақлиётӣ бояд такмил дода шавад». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ даъват намуд, ки «корҳо барои таъсис додани Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай тезонда шаванд». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кори ҳадафмандонаи минбаъда пешниҳод намуд, ки «Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2020» таҳия ва дар ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳо қабул карда шавад. Аз рўйи натиҷаи ҳамоиш як қатор санадҳо, аз ҷумла қарор дар бораи тасдиқи Низомномаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба қабули аъзои нав ба узвияти созмон ва созишномаҳо дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба имзо расид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






