ФАРМОН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа Мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармон медиҳам: 1) Аз 1 июли соли 2010 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳадди ақали нафақа ба андозаи 80 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. 2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : — дар амал татбиқ намудани фармони мазкурро дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин намояд; — дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе соли 2010 № 894








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






