ФОНДИ КӮМАК БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ЗАРАРИ ОҚИБАТИ ТАБИӢ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Давлатии Амонатгузории (БДА) "Амонатбонк" суратҳисоби махсус "Фонди кӯмак барои бартараф намудани зарари оқибати табии дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои вилояти Хатлон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ" кушод. Ҳамчунин, маълумот оиди суратҳисобҳои махсус ба Вазорати корҳои хориҷӣ барои паҳн кардан ба ташкилотхои байналмилалӣ ва давлатҳои донор фиристода шуд. Ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб субвенсияи моҳи майи соли ҷорӣ пешакӣ пурра маблаггузорӣ карда шудааст. Мувофики дархостхои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ азнавтақсимкунии моддаҳои харҷномаи Вазорату идораҳо аз нав дида баромада шуда, барои рафъи оқибатхои офатхои табии 1,6 миллион сомони равона гаридааст ва он дар оянда низ давом дода мешавад. Вазорати молия мутобики протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор намуд, ки маблағҳои озоди ба якуми июни соли 2010 ба вучуд омадаро барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табии равона намоянд. Мувофиқи қарори Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 894,4 ҳазор сомонӣ барои кӯмаки яквақта, барои оилаҳои аз офатхои табии зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷудо карда шуда ва ба суратҳисоби БДА "Амонатбонк" пардохт карда шуд. Вазорати молия ҷумхурӣ аз ҳисоби музди меҳнати кормандони Вазорат 85 ҳазор сомонӣ барои расонидани ёрии молиявӣ ба зарардидагони оқибатҳои офатхои табии ба суратҳисоби махсуси хазинадории «Амонатбонк» гузаронид. Инчунин, аз ҳисоби сарфаи маблағҳои Вазорат ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сохтмони ду хонаи истиқомати сохта ба истифода медиҳад. Суратҳисобҳои мазкур тавассути телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ба маълумоти ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуда истодааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






