ХАРОБКОРОНИ ИСТГОҲҲОИ НАҚЛИЁТӢ ҶАЗО ДОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 2 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То Рӯзи Ҷашни истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ-9 сентябр дар асоси тарҳҳои тасдиқгардида, сохтмони истгоҳҳои замонавӣ дар пойтахт тибқи нақшаҳои мавҷуда ба анҷом расонида мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ҳолати истифодаи истгоҳҳои нақлиётӣ зери назорати доимӣ гирифта шуда, бар зидди харобкорони моликияти ҷамъиятӣ дар ҳамдастӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи санитариву экологӣ, коркарди санитарии дарахтҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ, тозаву дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, сифати корҳои таъмирӣ дар роҳҳои таҷдидшавандаи шаҳр, ҷалби мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатӣ ва ҷараёни корҳои сохтмони манзилҳо аз ҷониби субъектҳои шаҳрдории Душанбе барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб баррасӣ шуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






