ИҶРОИ БАРНОМАИ БОҒДОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Июнь 21, 2010 09:40

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 18 –уми июни соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар масоҳати 13 ҳазору 231 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки 109,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Бо сабаби зиёд гардидани талаботи  бозори ҷаҳонӣ ба зардолуи   аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масоҳати боғҳои зардолу васеъ карда мешавад. Айни замон масоҳати   зардолубоғҳои  Тоҷикистон ба 6 ҳазору 415, 9 гектар расонида шудааст, ки ин баробари 139 фоизи  нақша мебошад. Солҳои охир талабот ба ангури Тоҷикистон ҳамчунин меафзояд. Ин аст, ки ангурпарварони ҷумҳурӣ масоҳати ангурзорро ба 1 ҳазору 473 гектар расонидаанд, ки 92,4 фоизи бунёди ангурбоғҳоро  ташкил дода, дар амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» мусоидат мекунад.

Июнь 21, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд