ИҶРОИ БАРНОМАИ БОҒДОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 18 –уми июни соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар масоҳати 13 ҳазору 231 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки 109,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Бо сабаби зиёд гардидани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба зардолуи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масоҳати боғҳои зардолу васеъ карда мешавад. Айни замон масоҳати зардолубоғҳои Тоҷикистон ба 6 ҳазору 415, 9 гектар расонида шудааст, ки ин баробари 139 фоизи нақша мебошад. Солҳои охир талабот ба ангури Тоҷикистон ҳамчунин меафзояд. Ин аст, ки ангурпарварони ҷумҳурӣ масоҳати ангурзорро ба 1 ҳазору 473 гектар расонидаанд, ки 92,4 фоизи бунёди ангурбоғҳоро ташкил дода, дар амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» мусоидат мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






