ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Июнь 24, 2010 11:35

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ, кушодашавии бинои нави “Амонатбонк» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ иштирок  намуд. Президенти ҷумҳурӣ дар маросими тантанавӣ ба аҳли кормандон ва мутахассисони бонки мазкур, дар шароити наву муосир ва муҷаҳҳаз бо техника ва технология, масъулияту бурдбориро таманно намуд. «Ин иншоот аз ҷониби Шӯъбаи сохтмонии «Амонатбонк» дар мӯҳлати се моҳ сохта ба истифода дода шуд, ки барои сохтмон ва таъмини таҷҳизоти он дар маҷмӯъ 312 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид»,- иброз намуд Муовини Раиси Раёсати БДА ЧТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов. Шўъбаи №68 дар ноҳияи Дарвоз будаи «Амонатбонк» яке аз фаъолтарин сохторҳои бонк дар ВМКБ маҳсуб ёфта, дар он 21 нафар мутахассисони варзида ва соҳибмаълумот кор мекунанд.  

Июнь 24, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад