ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ, кушодашавии бинои нави “Амонатбонк» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ иштирок намуд. Президенти ҷумҳурӣ дар маросими тантанавӣ ба аҳли кормандон ва мутахассисони бонки мазкур, дар шароити наву муосир ва муҷаҳҳаз бо техника ва технология, масъулияту бурдбориро таманно намуд. «Ин иншоот аз ҷониби Шӯъбаи сохтмонии «Амонатбонк» дар мӯҳлати се моҳ сохта ба истифода дода шуд, ки барои сохтмон ва таъмини таҷҳизоти он дар маҷмӯъ 312 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид»,- иброз намуд Муовини Раиси Раёсати БДА ЧТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов. Шўъбаи №68 дар ноҳияи Дарвоз будаи «Амонатбонк» яке аз фаъолтарин сохторҳои бонк дар ВМКБ маҳсуб ёфта, дар он 21 нафар мутахассисони варзида ва соҳибмаълумот кор мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






