ИМЗОИ ДУ СОЗИШНОМА БО БОНКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ХИТОЙ

Июнь 2, 2010 14:31

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). Имрӯз, 2 июн  дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой вохӯрии намояндагони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Хитой баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» Марҳабо Муродова иттилоъ дод, ки дар рафти вохӯрӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Чен Юан қайд кард, ки дар оянда аз ҷониби ин Бонки бонуфӯз, ки сармояи умумии он зиёда аз 50 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ хохад шуд.   Ҳамчунин, маросими ба имзо расидани ду созишнома, яке ба андозаи 5 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва соҳибкории хурду миёна ва дигаре ба андозаи 33 миллион юани Хитои барои равнақу ривоҷ додани савдои беруна бо Ҷумҳурии халқии Хитой ба имзо расиданд. Созишномаҳоро аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Раиси Раёсати Бонк – Гулнора Ҳасанова  ва аз ҷониби Бонки давлатии рушди Хитой Раиси Раёсати  Бонк — Чен Юан ба имзо расониданд.    

Июнь 2, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад