ИНТИҚОЛИ ОБ МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАД

Июнь 22, 2010 14:07

Душанбе,  22 июн. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  Аз Корхонаи  воҳиди  давлатии «Душанбеводоканал»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  интиқоли об  ба баъзе   маҳалҳои  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  аз  24  то 25  июн  муваққатан   қатъ  карда  мешавад. Сабаби  қатъи  интиқоли об  тармими  хати обрасонӣ  мебошад. Интиқоли  об  дар  рӯзҳои  зикршуда,  дар  баъзе  биноҳои  хиёбони  Рӯдакӣ,  муассисаи  давлатии  «Комплекси  меҳмонхонаҳои  раёсати   молиявию  хоҷагии  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти ҶТ»,  Шифохонаи  клиникии  бачагонаи  № 2 , боғчаҳои  бачагонаи № 17  ва  № 58  қатъ  карда  мешавад. Мақомоти  иҷроияи  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  ва  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Душанбеводоканал»  аҳолӣ  ва  кормандони  муассисаҳои  зикршударо  даъват  менамоянд, ки  дар  мӯҳлати  зикргардида ҳаҷми  зарурии  обро  захира  кунанд.  

Июнь 22, 2010 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад