ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ САБУК ВА ОЗУҚАВОРӢ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук 184,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 2,8 фоиз кам аст. Аз 149 корхонаи соҳа 51 фоизашон истеҳсолро нисбат ба сатҳи моҳҳои январ – апрели соли гузашта зиёд намудаанд. Дар саноати озуқаворӣ бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 563,7 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манба, аз 273 корхонаи соҳа 45, 4 фоизашон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






