ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

Июнь 22, 2010 08:45

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо супориши Сарвари давлат барои ба даст овардани даромади иловагӣ ба    ҳамаи Хона- интернатҳои   калонсолон ва  маъюбон замини хоҷаги ёрироасон тақсим карда дода шудаааст, ки аз ин заминҳо ба таври самаранок истифода  мебаранд.Аз ҷумла дар назди хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода истифодаи самараноки замини хоҷагии ёрирасонро ба роҳ монда, ҳамасола аз 2, 06 га замини хоҷагии ёрирасон даҳҳо тонна ҳосили ғалла, картоша, сабзавот ва полезӣ ба даст оварда мешавад. Бино ба гуфти директории Муасисаи давлатии хона — интернати  пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода дарави як гектар замини гандуми хоҷагии ёрирасон ба охир расонида шуда, кишти такрории сабзавот гузаронида мешавад. Бо гирифтани ҳосили дуюм масъалаи дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони соли 2010- 2011 таъмини истиқоматкунандагони хона – интернати  мазкур  бо маводи ғизоӣ пурра ҳалли худро меёбад. Ҳоло аз ҳосили якуми замини хоҷагӣ беш аз 5 тонна гандум ба даст оварда шудааст. Роҳбарияти муассисаи мазкур ният доранд дар назди ин  хоҷагӣ  парвариши мурғу заргӯшро низ ба роҳ монад.

Июнь 22, 2010 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад