ИВАЗИ «СЕРТИФИКАТ» БА «ШАҲОДАТНОМА»
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сабаби тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз «Оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда» ва дастури раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар алоқамандӣ бо тағйироти мазкур «Сертификат»-и андозсупорнда ба «Шаҳодатнома»-и нав тасдиқшудаи андоз аз арзиши иловашуда иваз шуда, аз 1-уми июл то 1- уми сентябри соли ҷорӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Дар назар аст, ки аз 21 –ум то 23-юми июни соли ҷорӣ дар ҳамаи минтакаҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳои машваратии андозсупорандагон аз арзиши иловашуда баргузор мегардад. Аз ин рӯ андозсупорандагон дар идораҳои андоз рӯзи бақайдгирӣ, вақт ва ҷойи баргузории машғулиятҳои машваратиро муайян карда, дар он фаъолона иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






