ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ

Июнь 1, 2010 14:08

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи нерўҳои низомии баҳрии Исроилро ба корвони киштиҳои имдодии «Freedom Flotilia», ки пагоҳии 31 майи 2010 дар обҳои байналмилалӣ рўй дод, маҳкум менамояд. Дар ин бора дар изҳороти Раёсати иттилоотии Вазорат қайд шудааст.  Дар изҳорот омадааст, ки ин ҳамла бар зидди киштиҳое, ки ба мақсади расонидани ёрии башардўстона ба навори Ғазза раҳсипор буданд, хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирифтааст ва, табиист, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар канор гузошта наметавонад. Вазорати корҳои хориҷӣ зимни таъкиди нигаронӣ изҳори боварӣ менамояд, то ин амал, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи Шўрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Июнь 1, 2010 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд