ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи нерўҳои низомии баҳрии Исроилро ба корвони киштиҳои имдодии «Freedom Flotilia», ки пагоҳии 31 майи 2010 дар обҳои байналмилалӣ рўй дод, маҳкум менамояд. Дар ин бора дар изҳороти Раёсати иттилоотии Вазорат қайд шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки ин ҳамла бар зидди киштиҳое, ки ба мақсади расонидани ёрии башардўстона ба навори Ғазза раҳсипор буданд, хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирифтааст ва, табиист, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар канор гузошта наметавонад. Вазорати корҳои хориҷӣ зимни таъкиди нигаронӣ изҳори боварӣ менамояд, то ин амал, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи Шўрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






