ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН

Июнь 16, 2010 10:19

Душанбе,  16 июн. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  «Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳороти  чанд  рӯз  пеш  дарҷнамудаи   муовини  раиси  Хадамоти  давлатии  амнияти  миллии  Қирғизистон Қубат  Бойболовро  дар  бораи  иштироки  гурӯҳи одамони  аз  Тоҷикистономада дар  бетартибиҳои  оммавӣ  дар  қисмати  ҷанубии  ин  мамлакат   қотеъона рад  менамояд.  ВКХ  Тоҷикистон таъкид  мекунад, ки  террористон  ватан  ва  миллат  надоранд», —  гуфта  мешавад  дар  изҳороти  роҳбари  раёсати  иттилооти  ВКХ  Тоҷикистон  Давлат  Назриев.  «Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз   муташанниҷ  гардидани  вазъи  ҷамъиятию  сиёсии қисмати  ҷанубии  Қирғизистон  изҳори ташвиш  намуда,  тарафҳои   муқобил  ва  мансабдорони   масъулро  даъват  мекунад, ки   барои  қатъи  муқовимат  то  ҳадди  имкон  бештар  кӯшиш  ба  харҷ  дода,   барои   ҳалли  мусолиматомези   проблемаҳои  бамиёномада  шароит  муҳайё  созанд. Роҳбарияти  ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон   метавонад  изҳороти  беасос  ва  бӯҳтономези  баъзе  аъзои  ҳукумат  ва  кормандони онро  пешгирӣ  намояд». Дар  изҳорот  омадааст, ки  террористон берун  аз  ҳудуди  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  дар  пойгоҳҳои  низомии  созмони  террористии  Алқаёда  машқ  мекунанд ва дар  байни онҳо  шаҳрвандони  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  низ  ҳастанд.  Одатан  чунин   террористон  баъдан  барои   амалӣ  сохтани  фаъолияти  харобкорӣ  ба ин  ё он  давлат  фиристода  мешаванд. Дар  ин  бора ҳодисаи  нобуд  сохтани  ду террорист – сокинони  собиқи  шаҳри  Исфара  дар  мавзеи  Майхӯра  равшан  шаҳодат  медиҳад. Тавре  ки  маълум  аст  онҳо  ба  намояндагони  мақомоти  муҳофизи  қонуни  Тоҷикистон  муқовимати  мусаллаҳона  нишон  доданд ва дар  натиҷа  нобуд  карда шуданд,   гуфта  мешавад  дар  изҳорот. Д.Назриев  таъкид  мекунад, ки  Тоҷикистону  Қирғизистон  муносибатҳои неки  ҳамсоягӣ  доранд.  Мо  умедворем, ки  вазъияти  муташанниҷи  дар  мамлакати  бо  мо дӯсту  бародар  ва  шарики  стратегии  мо рухдода дар  кӯтоҳтарин  муддат  бартараф  карда  шавад,  менависад  Д.Назриев. Ёдовар  мешавем, ки  коменданти  вилояти  Ҷалолобод   ва  муовини  аввали   роҳбари  Хадамоти   амнияти  миллии  Қирғизистон  Қубат  Бойболов  14  июн изҳор  карда буд, ки  дар бетартибиҳои  дар  қисмати  ҷанубии  мамлакат  рухдода   гурӯҳҳои  махсуси   тайёркардашудаи   шаҳрвандони  Тоҷикистон  низ  иштирок  доранд. Ба  қавли  Қ.Бойболов,   дар   маҳалҳои  гуногун  мошинҳои  дорои  шишаҳои  сиёҳ  пайдо  шуда,  ба  сӯи  намояндагони  ҳар  ду  миллат  мувофиқи тартиби  муайян  оташ  мекушоянд.  «Онҳо  гурӯҳҳои   махсус  тайёркардашудаи   шаҳрвандони  Тоҷикистон  мебошанд, ки  бо  ҳукми  тақдир  қашшоқу  бенаво  гардидаанд.  Хешу таборони   хонаводаи Боқиевҳо, ки  аз  сари  ҳокимият   дур  карда шудаанд,   онҳоро   киро  карда,  ба  муқобили  миллати  қирғиз   равона  месозанд.  Мо  дар  ин  бора  далелҳои  раднашаванда  дорем,  инчунин   худи  дастгиршудагон  ҳам  иқрор  гардиданд.  Аз  ҷумлаи террористон  чанд  нафар  дастгир  карда шудаанд,  нисбати онҳо  парвандаҳои  ҷиноӣ  кушода шудааст,  дафтари  аъмоли онҳо  мувофиқи  қонун  тафтиш  карда  мешавад.  Мо  дар  ин  бора   рӯзҳои наздик  ба  аҳли  ҷомеа  хабар  хоҳем  дод», —  гуфт  Қ.Бойболов.  

Июнь 16, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад