КӮДАКОНИ ЗАРАРДИДАГОНРО БА ЛАГЕР МЕБАРАНД

Июнь 10, 2010 16:43

Кӯлоб, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-  Бо дастгирӣ аз иқдоми  Сарвари давлат ҷиҳати таъмини истироҳати тобистонаи фарзандони оилаҳои камбизоат, ки бар асари фалокати табиӣ аз манзили зист маҳрум гардидаанд, 150 нафар кӯдакон аз шаҳри Кӯлоб ба истироҳатгоҳи «Шимкент»-и ноҳияи Ҳисор фиристода шуд. Ин мавсим аз 1 ҳазору 340 нафар кӯдакони оилаҳои зикршуда 400 нафар дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, 200 нафар дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва боқимонда дар назди 14 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб дар се баст ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ барои дар се баст ба истироҳату солимгардонӣ  фаро гирифтани наврасон шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар назар аст, ки боз 200 нафар кӯдакони оилаҳои мазкур аз ҳисоби федератсияи итифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба истироҳатгоҳҳои Варзобу Ромит фиристода шаванд. Ҳамзамон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар истироҳатгоҳи «Шарора»-и ноҳияи Мӯъминобод низ ин мавсим  шумораи муайяни наврасонро ба истироҳат фаро мегиранд.

Июнь 10, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад