КӮМАКИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров)- 15 июни соли 2010 Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки маблағи қариб 200, 000 доллари ИМА ($195, 950) таввасути Хазинаи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) барои андешидани чораҳо бар зидди бемории фалаҷ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҷудо намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд. Таввасути кӯмаки мазкур Ҳукумати Ҷопон харидорӣ ва интиқоли ваксинаҳо бар зидди фалаҷ барои 350 ҳазор кудакон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро дастгирӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






