КИҲО МЕТАВОНАНД ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ КОР КУНАНД?

Июнь 9, 2010 11:25

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун баргузор гардид. Низомномаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматӣ давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми майи соли 2009 таҳти №659 тасдиқ шудааст, бо мақсади татбиқи моддаи  18-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳия гардида, тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақоми давлатиро танзим менамояд. Бешак ба тариқи озмун таъйин намудани довталабон ба мансабҳои холии маъмурӣ ба дарёфти мутахассисони муносиб ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва пешрафту рушди соҳаҳои гуногун саҳм мегузорад.   Мавриди зикр аст, ки озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб  ва ҷобаҷогузории  кадрҳои баландихтисос, инчунин таъмини болоравии касбияти хизматчиии давлатӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни навбатӣ 115 нафар довталабон барои ишғоли 60 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ба Кумитаи андоз муроҷиат намуданд.     Аз шумораи умумии довталабоне, ки барои ишғоли мансабҳои холӣ мурорҷиат намуда буданд, 57 нафарашон ба суолҳои аъзои комиссияи озмунӣ ҷавобҳои пурраю саҳеҳ дода, аз озмун гузаштанд ва барои таъйин намудан ба мансабҳои интихобнамудаашон тавсия дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ин чорумин озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ дар соли равон аст.    

Июнь 9, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд