КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ КУРИЁ

Июнь 11, 2010 09:36

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). —   Рӯзҳои  1  ва  2  июли  соли  равон  дар  Ҷумҳурии  Куриё  бахшида ба   проблемаҳои  об  конфронси байналмилалӣ  баргузор  мегардад.  Дар  ин  бора   намояндаи  Вазорати   захираҳои  замин, нақлиёт  ва  масъалаҳои  баҳри  Ҷумҳурии  Куриё   Биён Жей Йонг  зимни  суханронӣ  дар Конфронси байналмилалии  бахшида ба  натиҷаҳои  даври  аввали  Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об барои  зиндагӣ» дар  шаҳри  Душанбе  хабар дод. Вай  зикр  кард, ки  вазъияти  иқлими  мамлакат  дар  давоми  7  соли  охир  хеле  муташанниҷ  гардидааст ва  ин ба иқтисодиёти  мамлакат таъсири  манфӣ  мерасонад. Дар  конфронси  байналмилалии  Куриё  намояндагони  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  ва  ҳавзаи  уқёнуси  Ором  ширкат  меварзанд. Дар  конфронс  нақшаҳои  ҳамкорӣ дар  масъалаи  идораю  истифодаи   захираҳои об   ва  пешгирии  оқибатҳои  тағйир  ёфтани  иқлим  муҳокима  карда  мешаванд.

Июнь 11, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад