КОНСУЛИ ТОҶИКИСТОН БО ШАХСИ ГУМОНБАР МУЛОҚОТ МЕКУНАД
Кобул, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Мақомоти расмии Афғонистон ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон шаҳрванди Тоҷикистон Илёс Каримовро дастгир намуданд. И.Каримов ва ду нафар шарики ӯ шаҳрвандони Покистон ва Русия 31 май дар маҳалли Пули Маҳмудхони шаҳри Кобул дастгир карда шуданд. Онҳо ба кӯшиши анҷом додани амалиёти террористӣ гумонбар мебошанд. И.Каримов ва ҳамроҳонаш айни ҳол дар ҳабсхонаи муваққатии ВКД Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо ба мақомоти муҳофизи қонуни Афғонистон хабар доданд, ки дар яке аз пойгоҳҳои террористии вилояти Вазиристони шимолии Покистон тайёрии ҳарбӣ омӯхтаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки консули Тоҷикистон дар Кобул пагоҳ бо Илёс Каримов мулоқот хоҳад кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






