МАҶЛИСИ ШӮРОИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ

Июнь 7, 2010 14:57

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – 6  июн  дар  шаҳри  Алмаатои  Қазоқистон  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  Бонки   рушди  Евразия  баргузор  гардид.  Дар  он  аз  Тоҷикистон  вазири  молия  Сафаралӣ  Наҷмиддинов  иштирок  дошт.  Аъзои  шӯро  ҳисоботи  солонаи  раёсати  бонк  ва  ҳисоботро  дар  бораи  фоидаю  зарари   муассиса   дар  соли  2009  шунида, муҳокима  карданд.  Инчунин  пешниҳоди  раёсати  бонк  дар  бораи тақсими  фоидаи он  дар  соли  2009,  ташкили   фонди  эҳтиётӣ  ва  ҷараёни  иҷрои   барномаи тадбирҳои   фаъолияти  бонкро   дар  шароити  бӯҳрони ҷаҳонии  молиявию  иқтисодӣ   ва  ғайра  баррасӣ  ва тасдиқ  карда шуд. Бонки  рушди  Евразия   соли  2006  бо  мақсади  мусоидат  ва рушди   иқтисоди  бозаргонии  давлатҳо,  пешрафти  босуботи  иқтисодӣ  ва  густариш  додани  равобити тиҷоратӣ  ташкил  карда шуда буд.  Муассисони  бонк Русия, Қазоқистон,  Арманистон ва  Тоҷикистон  мебошад. Сармояи  ибтидоии  бонк 1,5  миллиард  доллари  ИМА  буд. Маблағи  даромади он  дар  давоми  солҳои гузашта  10,45  фоиз   афзуд.

Июнь 7, 2010 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд