МАБЛАҒИ ИСТИРОҲАТ ИНТИҚОЛ ДОДА ШУД

Июнь 3, 2010 09:36

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати мехнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли ҷорӣ барои ташкили бофароғати кӯдакони бар асари офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби  маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ 100 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гузаронида шуд. Илова бар ин, дар Пажӯҳишгоҳи тавонбахшии маъюбони назди вазорати  мазкур  дар давоми се моҳ 60 нафар ашхоси дар натиҷаи офати табиӣ  зарардидаи ҷумҳурӣ, ки ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор шудаанд, ба ташхису табобат фаро  гирифта мешаванд.            Кормандони масъули зерсохторҳои вазорат таъҷилан як нафар сокини кӯчаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлобро, ки бар асари офати табиӣ  ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, бенавбат дар хона- интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ ҷойгир намуданд.          

Июнь 3, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад