МАКТАБҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД
Хоруғ, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). — Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони биноҳои идона ба охир мерасад. Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар Хоруғ таҷлил карда мешавад, якчанд мактаби нав сохта хоҳад шуд. Яке аз онҳо бинои мактаби миёнаи рақами 8 – уми ҷамоати деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим мебошад. Муҳандиси сохтмони мактаб Амонулло Раҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар мактаби мазкур корҳои охирин иҷро карда мешаванд. Бинои мактаб дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои мактабро коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии «Ганҷи шоҳвор» сохтанд. Соли 2009 дар саросари вилоят 20 мактаби нав ба истифода дода шуд. То охири соли равон низ ҳамин қадам мактаби нав ба истифода дода мешавад. Мактаби миёнаи деҳаи Тоғмаи ноҳияи Дарвоз низ аз ҷумлаи биноҳои идона мебошад. Директори мактаб Маҳмадбек Сиддиқов зикр намуд, ки мактаби мазкур солҳои 60 — уми асри гузашта сохта шуда, ягон маротиба тармим карда нашуда буд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тирамоҳи соли гузашта барои сохтмони бинои нави мактаби мазкур маблағи зарурӣ ҷудо кард. Мактабро коргарони ширкати сохтмонии «Ғайрат» бунёд намуданд. Мактаби мазкур низ дар арафаи ҷашни Ваҳдат ба истифода дода мешавад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






