МАШҒУЛИЯТҲОИ ПЕШГИРИИ ВИЧ/СПИД БАРОИ МУҲОҶИРОН

Июнь 3, 2010 09:31

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои пешгирии вируси норасоии масъунияти бадан-(ВИЧ/СПИД) барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳайати оилаи онҳо машғулияти омӯзишӣ бо усули интерактивӣ кушода шуд,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар давоми се рӯзи кории  семинар  ба ширкаткунандагон дар бораи бемориҳои хавфноки иҷтимоӣ, тарзи таҳияи шартнома бо корфармо, суроғаи ташкилотҳои кӯмакрасони муҳоҷирони меҳнатӣ ва маълумоти умумӣ дар бораи бемории ВИЧ/СПИД  ва дигар бемориҳои сирояткунанда дода мешавад. Ҳангоми омӯзиши усули интерактивӣ иштирокчиёни машғулият ба машқҳои варзишӣ ҷалб карда шуда,   саҳначаҳо   ва филми ҳаётии «Ҳар яки мо»-ро, ки дар бораи пешгирӣ аз ҳар гунна бемориҳои сироятӣ, бахусус,  пешгирии бемории норасоии масъуняти бадан- ВИЧ/СПИД  нақл мекунад, тамошо намуда, хулоса мебароранд. Дар охири  машғулият ба иштирокчиёни он, баъди   санҷиш барои донишҳои гирифтаашон сертификат  дода мешавад.

Июнь 3, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд