МЕҲМОНОН АЗ ИНШООТИ МУҲИМИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД МЕНАМОЯНД

Июнь 9, 2010 14:03

Душанбе, 9 июн.(АМИТ “Ховар», Марзия Саидова).-10 июн иштирокдорони конфронси байналмилалии сатҳи баланд  оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» 2005 -2015, ки имрӯзҳо дар Душанбе идома дорад,  аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак, воқеъ дар 70 километрии қисмати ҷанубу шарқи  Душанбе дидан менамоянд. Зимни боздиди иштирокдорони конфронс аз нерӯгоҳи Норак баргузории семинари кӯтоҳмуддат дар мавзӯи дурнамои рушди комплекси обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Бояд зикр кард, лоиҳаи НБО Норак соли 1950 таҳия шуда, сохтмонаш соли 1961 шурӯъ гардид. Соли 1979 агрегати охирини  он ба истифода дода шуд. Иқтидори НБО Норак  3000 МВт буда, баландии обанбораш 300 метр ва дарозиаш 70 километрро ташкил медиҳад.

Июнь 9, 2010 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд