МУАССИСА ҶАВОБГӮИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНИСТ

Июнь 3, 2010 09:37

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ — тавонбахшии Чорбоғ» Мавлудахон Шамсулоева, бо дастгирии Сарвари давлат аз 1-уми июн қисмати дуюми маркази мазкур  ба таври расмӣ ба кор оғоз кард, ки он ба ҳамаи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Бинои нав аз ҳуҷраҳои зиёди профилактикӣ, аз қабили физиотрапевтиву сенсоргенӣ, ҳуҷрахои алоҳидаи табобатӣ  бо обу гилу рег, ҳуҷраҳои обутоби ҷисмонӣ, тренажёрҳо, ҳучрахои маҳс, рақсу мусикӣ, санъати тасвирию ашёсозӣ, ҳунарҳои халқӣ ва гӯшаи табиати  зинда кушода  шуданд. Ҳамчунин ба ихтиёри кӯдакону наврасон ҳуҷраҳои алоҳидаи дамгирӣ, ки аз рӯи анъанаҳои миллӣ сохта шудаанд,  вогузор гардиданд. Ҳамаи ҳуҷраҳои хизматрасонӣ бо телевизор ва дигар ашёву анҷоми таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.        

Июнь 3, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд